РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва сохторҳои СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт

22 феврали соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлуро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Аснои дидор ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаро матраҳ намуданд.

Дар фарҷом вазири корҳои хориҷӣ бо изҳори сипос аз фаъолияти пурсамари С.Синаноғлу дар Тоҷикистон, ки ба анҷом расид ба мавсуф муваффақият ва бурдбориҳоро таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram