РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Рӯзи Модар бошукӯҳ таҷлил мешавад

Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон, дастгириву қадрдонии занону бонувон, имрӯз дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷаласаи Кумитаи тадорукот баргузор карда шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори ҷаласа аъзои Кумитаи тадорукот, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, мутасаддиёни сохторҳои шаҳрӣ иштирок намуда, доир ба таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе вазифагузорӣ карда шуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар барои сазовор баргузор намудани ин ҷашн ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram