Дар шаҳри Остини штати Техас аз ҷониби ҷамъияти тоҷикони муқимии штати мазкур чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд. Дар он имкониятҳои сайеҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА хабар доданд.
Дар чорабинии фарҳангӣ зиёда аз 25 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, бо фарҳанги мардуми тоҷик шинос шуданд. Маҳсулоти зардӯзиву гулдӯзии миллӣ, тӯҳфаҳои хотиравии маҳсулоти ватанӣ ва маводи гардишгарӣ дар он ба намоиш гузошта шуд.
Дар анҷом ба ҳамаи иштироккунандагон, ки зиеда аз 300 нафарро ташкил дод, таомҳои миллӣ пешкаш карда гардид.