РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОҶИКИСТОН- ҶОЛИБТАРИН МАМЛАКАТИ ОСИЁ. Ҷумҳурии мо дар Малайзия соҳиби ҷоиза гардид

24 феврал дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия маросими супоридани ҷоизаҳо зери унвони «Top Asia Corporate Ball 2023» аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ- «RHA SDN BHD» баргузор шуд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия хабар доданд.

Бояд гуфт, ки расонаи малайзиягии «RHA SDN BHD» бо нашри маҷаллаҳои «Top 10 of Malaysia» ва «Top 10 of Asia» маъруф буда, шумораи хонандагони он дар як моҳ ба 400 ҳазор мерасад.

Таваҷҷуҳи асосии расонаи болозикр нашри маводи ҷолиб роҷеъ ба давлатҳо, ширкатҳо ва шахсиятҳоест, ки боиси рушду навоварӣ дар минтақаи Осиё шудаанд ва ё иқтидори бузурги созандагиро дар бахшҳои гуногун доро ҳастанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram