РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: Дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар омӯзиши масоили мубрами таърихи халқи тоҷик» мизи мудаввар баргузор шуд

Имрӯз бо ташаббуси раёсати ДМТ дар пояи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар омӯзиши масоили мубрами таърихи халқи тоҷик» мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардид. Ректори донишгоҳ қайд карданд, ки Пешвои миллат бо навиштани осори ба таърихи халқи тоҷик бахшидаи хеш консепсияи нави омӯзиши таърихи миллатро асос гузоштанд, ки дар меҳвари он манфиатҳои миллӣ қарор доранд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Ҳамчунин, дар миззи мудаввар саркотиби илмии АМИ ҶТ, д.и.т., профессор Қосимшо Искандаров, профессорони кафедраи таърихи халқи тоҷик Қаҳҳори Расулиён, Акрамӣ Зикриё ва директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, н.и.т., дотсент Шарипов Ҷамолиддин иштирок ва дар робита ба мавзӯи нишаст маърӯзаҳо ироа намуданд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихие аст, ки маҳз бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати хастанопазир ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург то ба шахсияте расидааст, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи беш аз се даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ӯ сахт марбут аст. Саҳми Пешвои миллат дар масъалаҳои омӯзиш ва эҳёи оинҳои таърихию фарҳангӣ беназир аст”- гуфта шуд дар ҳамоиш.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram