РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти вазирони қолаби “С5+1” иштирок кард

28 феврали соли 2023 дар шаҳри Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар қолаби “С5+1” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Дар нишасти мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram