РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири тандурустии Россия Михаил Албертович Мурашко аз Донишгоҳи тиббӣ ва Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан нумуд

2 марти соли равон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дидан намуд. Меҳмонро роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамроҳӣ намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ пурра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва дорои Сертификати мутобиқат мебошанд.

Зимни боздид вазири тандурустии Федератсияи Россия бо рафти донишандӯзии донишҷӯён, шӯъбаҳои таълимӣ, таҷҳизоти навтарини донишгоҳ шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои донишандӯзии донишҷӯён дар донишгоҳи мазкур тамоми шароит ва имконоти муосир фароҳам гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки донишгоҳи мазкур бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, имрӯз донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Россия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Молдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия ва ғайра ҳамкории зич дорад.

Ҷиҳати татбиқи шартномаҳои ҳамкорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқоти илмӣ-амалии муштарак амалӣ карда мешаванд. Тибқи мубодилаи академӣ, давоми соли 2022 19 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати идомаи омӯзиш дар семестри баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба Академияи давлатии тиббии Ижевски Федератсияи Россия равона карда шуданд.

Махсусан, аз ҳамкории донишгоҳ бо Академияи давлатии тиббии Ижевски Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар идомаи боздид дар маҷлисгоҳи донишгоҳ вохурии вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко бо роҳбарият ва олимону профессорони ин даргоҳи таълимӣ баргузор гардид.

Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко дар дафтари меҳмонони фахрии донишгоҳ соядаст гузошт.

Баъдан, номбурда ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” низ ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” яке аз муассисаҳои калонтарини тиббию табобатии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ин ҷо вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко аз бахшҳои ҷарроҳӣ дидан намуд.

Ба меҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббии сатҳи ҷаҳонӣ таъмин буда, дар он мутахассисони варзида ба беморон хизмат мерасонанд.

Махсусан, дар инҷо барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ низ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Вазири тандурустии Федератсияи Россия ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимӣ ва тиббиву табобатии ду кишвар иброз дошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram