Ҳифзу нигаҳдошт, кашф ва омӯзиши сарватҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик яке аз масъалаҳои асосӣ буда, дар сиёсати илмию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи ҳамешагӣ дорад. Ҳар як миллати бузург бо дастовардҳои моддӣ ва маънавии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ бевосита саҳмгузорӣ намудааст ва халқи тоҷик ҳамчун яке аз халқҳои куҳанбунёди Осиёи Марказӣ дар ин ҷода ҳиссаи арзанда ва мақоми хосаи худро дорад. Сарзамини Тоҷикистон хазинаи пурасрори таъриху фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ маҳсуб меёбад.
Зимнан бояд қайд намуд, ки кашфиёти маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ дастоварди нодир дар илми бостоншиносии миллӣ ва ҷаҳонӣ буда, тайи даҳсолаҳои охир чунин бозёфти дорои аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ дар минтақа ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи китоби “Фарҳанги форсии Муъин”, “Фарҳанги форсии Амин” ва “Луғатномаи Деҳхудо” — вожаи “Муфарраҷ” (аз феъли “фараҷ” — фараҷа) — исми макон буда, ба маънои ҷой ва макони шодиву сурур мебошад. Ҳамчунин “Муфарраҷ — онки андӯҳро аз дил дур кунад” ва “Муфарраҷ — куштае, ки дар дашти дур аз деҳ ёфт шавад”-ро ифода мекунад. Бояд тазаккур дод, ки хусусияти мавқеъ ва мавзеи табиӣ-таърихии Муфарраҷ комилан ба ташреҳи байёнгардида мутобиқ мебошад.
Таҳлилҳои аввалиндараҷа нишон медиҳанд, ки маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ ёдгории гуногунҷабҳа буда, аз ҷузъҳои бостонӣ, меъморӣ — қалъа ва манора, эпиграфӣ — хатҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, инчунин мардумшиносӣ -қабрҳои давраи аввали исломӣ иборат мебошад.
Зимнан бояд қайд намуд, ки ковишҳои минбаъдаи бостоншиносони Осорхонаи миллӣ ба паҳлуҳои дигари ин нобиғаи миллӣ рӯшанӣ меандозад.