РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ХУСУСИЯТИ ОМӮЗИШИ ОМИЛҲОИ ИНКИШОФИ ТУРИЗМИ ФАРҲАНГӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ГУНОГУНИ ҶУМҲУРӢ

Туризм дар нимаи дуюми асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии аксарияти кишварҳо ва минтақаҳои олам табдил ёфт. Индустрияи туристӣ бошад, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи таркиби истеъмолӣ ва фаъолияти иҷтимоии бештари аҳолии олам мебошад. Гарчанде захираҳои туристӣ дар ҳудудҳое ҷойгиранд, ки аз лиҳози саноатӣ ва кишоварзӣ ғайри қобили истифодаанд, вале маҳз ҳамин ҳол туристонро ба худ ҷалб менамояд. Туризм ба зерсохтори асосии таркиби хоҷагии миллии мамлакатҳо табдил ёфт. Афзуншавии талаботи аҳолии ҷаҳон ба туризм боис гашт, ки ин соҳа ба яке аз соҳаҳои сердаромад ва рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёбад. Гузашта аз ин рушди туризм боис мегардад, ки мавзеъҳои ташкилкунандаи фаъолияти туристӣ вобаста ба афзоиши муштариён бештар инкишоф ёфта, ҳолати табиӣ хубтар нигоҳ дошта шавад. Агар дар соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ сарватҳои табиӣ нобуд шаванд, дар туризм ин ҳолат баръакс аст. Дар натиҷа самаранокии иқтисоди миллии мамлакатҳо афзун мегардад.

Мероси бою пурғановати фарҳангӣ-таърихӣ ба рушди туризм таъсири мусбӣ расонида, боиси ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон мегардад. Бо назардошти он, ки соҳаи туризм ба яке аз соҳаҳои пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон кӯшиш ба он доранд, ки тамоми имкониятҳои барои рушди туризм мусоидро фаъол гардонида, бо ин васила иқтисодиёт ва некӯаҳволии сокинонашонро беҳтар намоянд.

Ёдгориҳои фарҳангӣ — таърихӣ ҷузъи ҷудонопазири мерос буда хамчун объектҳои экскурсионӣ, намоишӣ, ҷои баргузории барномаҳои мухталифи фарҳангӣ аз қабили фестивалу ҷашнвораҳо, идҳои миллӣ, осорхонаҳо дар ҳавои кушод маълум гардидаанд (Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: «Ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ». – Душанбе, Ирфон, 2012. Саҳ.24).

Аз ҷониби дигар, мавҷуд будани захираҳои бойи мероси таърихӣ- фарҳангӣ худ аз худ ба рушди туризм мусоидат намекунад. Туризми муосирро бидуни инфрасохтори хадамотӣ тасаввур кардан гайри имкон аст. Омода намудани мавзеъҳои дорои мероси таърихӣ- фархангӣ барои намоиши туристӣ-экскурсионӣ, таъмини объектҳо бо нақлиёт, инфрасохтори сайёҳӣ, таъмини маишию фароғатии сайёҳон дар ҳудуди мавзеъҳои дорои мероси фархангию таърихӣ аз муҳимтарин вазифаҳо дар ин ҷода ба ҳисоб мераванд.

Пушида нест, ки ташаккулёбии соҳаи туризм аз ҷумла туризми фарҳангӣ аз сармоягузорӣ вобастагии зиёд дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ дар самти инкишофи туризми фарҳангӣ ба дараҷаи лозимй амалӣ намешавад. Албата, ин сабабҳои гуногуни худро дорад. Ба ақидаи аксар мутахассисон сабаби асосии кам будани сармоягузорӣ дар рушди туризми фарҳангӣ ин дар мувозинати мақомоти маҳалии ҳокимияти иҷроия қарор доштани оъектҳои туризми фарҳангӣ мебошад.

Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи туристӣ нишон медиҳанд, ки тамоми фаъолиятҳо дар соҳаи туризми фарҳангӣ қисми асосии ҳамгироии низоми иқтисодиёти миллӣ буда, ба таври комплексӣ ба нақша гирифта шудаанд, тамоми паҳлӯҳои инкишофи он, аз он ҷумла ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, таърихию фарҳангӣ, илмӣ-таълимӣ ва экологии онро фаро гиранд.

Дар адабиёти гуногуни илмию таълимӣ усулу шаклҳои мухталифи воситаҳои танзими инкишофи туризми фарҳангиро нишон медиҳанд.

Умуман, омилҳои асосие, ки ба рушди туризми фаҳангӣ таъсир мерасонанд ба чунин гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд:

— иҷтимоӣ- иқтисодӣ;

— демографӣ;

— моддӣ-техникӣ;

— сиёсӣ;

Ҳар яке аз ин омилҳоро дар алоҳидагӣ таҳлил менамоем.

Муҳиммияти омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар рушди туризми фаҳангӣ доимо меафзояд. Афзудани суръати робитаҳои иқтисодии байни давлатҳо дар асоси тақсимоти байналхалқии меҳнат нақши муҳимро мебозад. Ривоҷи тиҷорати байналхалқӣ ва такмили воситаҳои нақлиёт, сабаби моддии вусъати туризми фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Омилҳои демографӣ ҳамчунин ба рушди туризми фарҳангӣ таъсири бузурге доранд. Дар натиҷаи зиёд шудани нуфузи аҳолии ҷаҳон, шумораи сайёҳони хориҷӣ низ зиёд мешавад, ба истеҳсолоти сайёҳӣ захираҳои нави инсонӣ ҳамроҳ мешаванд. Ба омилҳои демографӣ инчунин дохил мешаванд: манофеи афзояндаи байниҳамдигарии халқҳо дар кишварҳои гуногуни ҳамзабон ё қаринзабон ё ин, ки дорои маданият ва таърихи ба ҳам қарин; дархости зиёд барои иштирок дар сафарҳои махсусгардонидашудаи шахсоне, ки касб ё фаъолияти ҷамъиятии якхела доранд (туризми махсусгардонидашуда). Ба ғайр аз ин ба рушди туризм сафи афзуншавандаи пирони танҳо, зиёд шудани шумораи занони коргар, афзоиши миқдори оилаҳои бефарзанд низ таъсир мерасонанд.

Ба рушди туризми фарҳангӣ омилҳои моддӣ-техникӣ ҳам таъсири бузурге доранд. Омилҳои асосӣ ба вусъатдиҳии воситаҳои нақлиёт, таъмин бо манзилгоҳ; алоқа, корхонаҳои хӯроки ҷамъиятӣ, савдои чакана ва хизматрасонӣ вобастаанд. Тӯли даҳсолаҳои охир дар натиҷаи тараққиёти илму техника нақлиёт тезсуръаттар, бехатар ва қулайтар гардид.

Оид ба гурӯҳи омилҳои сиёсӣ, ки ба рушди робитаҳои байналхалқӣ фаъолона имконият медиҳанд, бояд дар аввал омили дохилии сиёсӣ ва устувории кишварро, ки меҳмононро қабул кунем, ғайр аз ин муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳонаи байни давлатҳо нақши муҳим мебозанд. Омили ҷиддии сиёсӣ мавҷудияти ин созишномаҳои байниҳукуматӣ дар доираи савдо, робитаҳои илмию техникӣ, маданӣ, туризм ва табодулҳо аст.

Ғайр аз ин сабабҳо омилҳои дигаре вуҷуд доранд, ки барои ривоҷи туризми фарҳангӣ таъсири манфӣ мерасонанд ба монанди:

— ноустувории сиёсати дохилӣ дар кишваре ё минтақае;

— дар байни давлатҳо набудани муносибатҳои хайрхоҳона;

— низоъҳои ҳарбӣ ва ғайра.

Хулоса, мақсаднок ва оқилона истифода кардани сарватҳои таърихӣ, меъморӣ, бостоншиносӣ ва фарҳангӣ яке аз роҳҳои таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Ядгарова Гулбаҳор Ашуровна,

дотсенти кафедраи методикаи таълими география ва туризми факултети географияи

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram