Китоби Мирзо Шукурзода бо номи «Ворисони ғурури Фирдавсӣ » аз чоп баромад.
Дар интишороти «Илм» чанде пеш рисолаи илмӣ ва таҳқиқотии нависандаи тоҷик Мирзо Шукурзода бо теъдоди 500 нусха ба нашр расид. Китоб аз чаҳор бахш иборат буда, таҳлили ҳамаҷонибаи ашъори Лоиқ Шералӣ ,мусоҳибаҳои муфассал бо нависандагон Сорбон ва Абдулҳамид Самад оид ба зиндагӣ ва осори шоири маҳбуби миллатро дар бар гирифтааст.
Нависанда аз диду боздиди хеш бо Лоиқ Шералӣ ва сафарҳои эҷодии ӯ ба Эрону Афғонистон ва чанде аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйи сафҳа овардааст.
Ба рисолаи «Ворисони ғурури Фирдавсӣ» академик Носирҷон Салимӣ ва профессор Шамсиддини Солеҳ муқаддимаи муфассал навиштаанд.