РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, ки бо сафар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо иштироки ҳайатҳо мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот дар атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ иброз карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни ду давлат дар ҳама самтҳо бемайлон рушд меёбад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки робитаҳои байнипарламентӣ шохаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ ба ҳисоб рафта, мунтазам дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ мегарданд. Дар ин раванд фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия саҳми муносиби худро дар таҳкими шарикии стратегии давлатҳо мегузорад. Ҳамчунин робитаҳои парламентҳои ду давлат дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) амалӣ мегарданд.

Дар идомаи мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун унсури калидии шарикии байни ду давлат иброз гардида, ба масъалаҳои саноатикунонии босуръат, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноатҳои маъдан, сабук, хӯрокворӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, комплекси агросаноатӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ тавассути ҷалби сармояи мустақими русиягӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Инчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба тақвияти робитаҳо байни минтақаҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои мубрам дар ин самт таъкид гардид.

Ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, густариши робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат, омӯзиши забони русӣ, инчунин дигар самтҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ибрози назар карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ ва муқовимат ба муқобили хатару таҳдидҳои фаромиллӣ, вазъи амнияти минтақа бо таваҷҷуҳ ба вазъият дар Афғонистон, инчунин дигар масъалаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram