РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шарифҷон Ҷумъазода бо намояндаи Ассотсиатсияи умумироссиягии рушди худидоракунии маҳаллӣ Гусева Ирина Михайловна мулоқот намуд

2 марти соли 2023 мулоқоти раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода, бо намояндаи Ассотсиатсияи умумироссиягии рушди худидоракунии маҳаллӣ Гусева Ирина Михайловна дар доираи нақшаи чорабиниҳои Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байни минтақавии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар асоси масъалаҳои баррасигардида, бо мақсади тавсеаи шарикии байни мунисипалитетҳо, баланд бардоштани нақши мақомоти маҳаллӣ дар таъмини эътиқод ва ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои муштарак, лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳа дар ояндаи наздик ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкории тарафайн дар назар аст.

Иҷрои ин амал метавонад дар табодули таҷриба, рушди муносибатҳои гуногунҷабҳа, баргузории чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла форум, симпозиум ва вохӯрию семинарҳо бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ мусоидат намояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram