РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Боздиди ҳайати Тоҷикистон аз қароргоҳи ширкати “VOITH Hydro”

2 марти соли 2023 дар ҳошияи сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, боздиди ҳайат аз қароргоҳи ширкати энергетикии Австрия “VOITH Hydro”, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО “Роғун” фаъол мебошад, сурат гирифт.

Дар рафти боздид ҳайат бо таҷрибаи ғании ширкати “VOITH Hydro”, ки истеҳсолкунандаи таҷҳизоту фанновариҳои муосир дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коркарди коғаз ва ашёи хом мебошад, шинос гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram