РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ФАТҲУ КУШОИШ ОРАД, ДАСТИ ДУОИ МОДАР! — ҳамоиши идонаи сокинони шаҳри Бӯстон дар маҷмааи “Дуои модар”

Бо нишони арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷик ва омодагиҳо ба истиқболи Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар саросари олам бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, дар маҷмааи “Дуои Модар” ҳамоиши идона доир гардид.
Пас аз гузоштани гулчамбар раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оид ба гиромидошти зан-модар ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки боиси хушнудист, ки зан – модари тоҷик ҳазорҳо фарзонафарзандонро офаридаву ба камол расонидааст, ки бо ҳастии худ дар пешрафти илму маърифат ва ҳаллу фасли мушкилоти натанҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳон саҳми босазо ва арзишманди худро гузоштааст.

Сипас, як қатор занону бонувони барӯманд ва пирони рӯзгордида оид ба нақши занону бонувон дар тарбияи насли шоистаи замон, пешрафти босуботи илму маданият ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат суханронӣ намуда, баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз, танинанзозии ҷовидонии сулҳу суботи мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти дуо бардоштанд.
Ёдовар мешавем, ки бо ҳузури Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 7 октябри соли 2021 дар саҳни фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд муҷассамаи “Дуои Модар” дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан-модар ва қадршиносии модари тоҷик бунёд карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram