РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ВМКБ. Рӯзи модар ботантана таҷлил гардид

7 март дар толори театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бахшида ба Рӯзи модар чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни ироаи паёми шодбошӣ аз мақому манзалати Зан-Модар дар таърихи инсоният ҳарф зада, таъкид кард, ки агар, дар ибтидои ҷамъиятҳои гуногун, бо тақозои талаботи ҳаёт, бонувон мақоми шоҳиро дошта бошанд ҳам, вале, бо мурури тараққиёти ин ҷамъиятҳо, манзалати зан коста гардида, ҳазорсолаҳо лозим шуд, ки дар пайи муборизаҳои шадид, аз нав манзалати Зан-Модар баланд гардад.

Зикр гардид, ки бо шукргузорӣ аз замони Истиқлолият ва сиёсати оқилонаву дурандешона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушду инкишофи кулли соҳаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи махсус ба баландбардории мақоми Зан-Модар равона гардид.

Сипас, дар фазои тантанавӣ зумрае аз бонувони фаъол, собиқадорони меҳнат, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми муносиб доранд, бо Ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравии раиси ВМКБ ва Ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.

Дастагули рангини рақсу суруди омоданамудаи аҳли фарҳанги вилоят, ки саропо васфи Зан-Модарро мемонд, анҷомбахши мантиқии чорабинии идона гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram