Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд. Чунин гуфт Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвактзода дар ҳамоише, ки дар остонаи Рӯзи Модар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба иттилои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабл аз оғози ҳамоиши тантанавӣ филмномае аз бузургии Модар намоиш дода шуд. Модаре, ки фарзанди фарзона, Қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба дунё оварда, ба камол расонидааст, ДАР Ҳама давру замон шоистаи васфу ситоиш аст. Филмнома бори дигар собит намуд, ки дар дунё муҳаббате бузургтар аз муҳаббати модар нест. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳар фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода занон-устодони донишгоҳ ва донишҷӯдухтаронро бо Рӯзи Модар табрик намуда, аз талошу заҳматҳои занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи онҳо дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуд ва иловатан таъкид намуд, ки воқеан имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши арзишманд доранд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон сухан намуданд. Бархе аз устодони фаъоли донишгоҳ бо ифтихорномаву сипоснома, медалҳои ҷашнии донишгоҳ ва сохторҳои болозикр қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар донишгоҳ бо барномаи фарҳангию фароғатии ҷолибу хотирмон анҷом ёфт.