РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар вилояти Хатлон Фестивал-озмуни вилоятии «Сайри гули лола» доир карда мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивал-озмуни «Сайри гули лола» доир карда мешавад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ба ин хотир дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ситоди якуми вилоятӣ оид ба ташкил ва гузаронидани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» доир гашт.

Даври аввали фестивал — озмун то 10 март дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо шинонидани гулу буттаҳо, аз ҷумла пиёзаки гули лола дар мавзеъҳо ва оғози кори гармхонаҳо, ташкили дизайни гулҳои шинонидашуда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва идораҳои давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории фестивали вилоятии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола», инчунин якҷоя бо гурӯҳи кории вилоятӣ муайян намудани ҷойи баргузории фестивал доир карда шавад.

Таъкид  гардид, ки соли равон шакли баргузории Фестивал -озмуни «Сайри гули лола» аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Агар солҳои қаблӣ танҳо гули лола шинонида мешуд, пас имсол дар тамоми кӯчаву хиёбонҳо, майдонҳои фароғатӣ, саҳни бинову иншооти таъйиноти гуногун аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо намудҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram