РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи модар. Дар ДДОТ ба ифтихори ин сана чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд

6-уми марти соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи модар баргузор гардид.

Чорабиниро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки дар ҳама давру замон мақоми зан-модар дар миёни ҷомеа ҷойгоҳи гиромӣ дошт ва дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки гиромидошти Рӯзи модар дар донишгоҳ нахустин бор бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳ бо таҳияи барномаи фарҳангие баргузор гардид, ки ба қалбҳои занону бонувон ва модарони гиромӣ рӯҳияи тоза бахшида, ҳамагии онҳоро шоду масрур гардонид.

Барномаи фарҳангӣ махсус аз ҷониби ҳайати раёсат ва сохторҳои марбутаи Донишгоҳ таҳия гардида аз саҳнаҳои ҳаҷвӣ, шеърҳо дар васфи модарон ва суруди пандҳои дилнишин иборат буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram