РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон ҳамкорӣ таҳким меёбад

Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ноиби президенти Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон дар шаҳри Берлин баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Мусоҳибон самтҳои омодасозии муштараки кадрҳо аз рӯйи ихтисосҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, IT-хизматрасониҳо, бизнес-маъмуриятчигӣ ва амсоли инро дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) баррасӣ намуданд.

Инчунин вобаста ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, инчунин ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии олимону муҳаққиқон байни ҷонибҳо гуфтушунид сурат гирифт.

Ҳамзамон байни ҷонибҳо муқаррароти асосии созишномаи ҳусни тафоҳум мувофиқа карда шуд, ки дар доираи он табодули академии донишҷӯëн, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон аз рӯйи самтҳои болозикр дар доираи санадҳои меъëрии ҳуқуқии соҳаи маорифи ҷонибҳо ба роҳ монда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram