РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Барои баргузории озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» беш аз 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 феврали соли 2023 барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар пойтахт 2 874 960 (ду миллиону ҳашсаду ҳафтоду чор ҳазору нуҳ саду шаст) сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи қарори мазкур, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни «Илм – фурӯғи маърифат»  дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2023 ба тасвиб расид.

Мақсад аз он рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram