РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Дар хиёбону боғҳо гулҳои мавсимӣ ва ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешавад

 Бо мақсади ба шаҳри «сабз» табдил додани Душанбе ва таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе гулҳои мавсимию бисёрсола ва дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ мутобиқ ба қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе гармхона ва иншооти ёрирасони Корхонаи воҳиди давлатии «Сабзкорӣ»-и шаҳри Душанбе ба раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Сино дар масоҳати 5880 метри мураббаъ, Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 5440 метри мураббаъ, Фирдавсӣ дар масоҳати 4320 метри мураббаъ ва Шоҳмансур дар масоҳати 2592 метри мураббаъ барои истифода дода шуд.

Бо инобати таъмини гулгашту хиёбон ва кӯчаву боғҳо бо гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои мазкур дар гармхонаҳо гулҳои мавсимию бисёрсола, дарахтони ороишию сояафкан парвариш карда шуда, дар мавсими ниҳолшинони тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар мавзеъҳои муайяншуда мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонида мешаванд.

Вобаста ба истифодаи босамари заминҳо дар КВД «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки аз 3 қитъа дар масоҳати умумии 153,92 га иборат аст, кишти тухмӣ ва парвариши гулҳои мавсимию бисёрсола, ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва қаламчаи гулҳои бисёрсола тибқи талаботи агротехникӣ ва таҳти назари мутахассисон ба роҳ монда шудааст.

Дар айни замон дар парваришгоҳҳои минтақаҳои мазкур дар палҳо 5400 дона ва дар заминҳои барои парвариш муайяншуда 7900 бех ниҳолҳои дарахтони можжевелник, санавбар, каштан, кипариси пирамидалӣ, хуч, корнус, жимолост, акатсия, туя, қарағоҷ, буттаҳои суриягӣ ва гулҳои садбарг парвариш ёфта истодааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram