РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири Чилиро қабул кард

9 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Чили дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш. Москва) Эдуардо Эскобарро қабул кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чили ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Ҷумҳурии Чилиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram