РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид

8 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе музокироти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро баррасӣ намуда, доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Диққати махсус ба рафти омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2023 пешбинӣ шудааст, зоҳир карда шуд.

Роҳбарони мақомотҳои хориҷӣ ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Музокирот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва созанда сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram