РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Роҳбари ВКХ Туркманистон ба Душанбе омад

Нимаи дуюми рӯзи 8 марти соли 2023 муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт меҳмони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешвоз гирифт.
Дар чаҳорчӯби сафар роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Туркманистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта мешавад.
Ҳамчунин, музокироти дуҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram