РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикори рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат. муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат хабар доданд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки  ҷиҳати иҷрои ишондиҳандаҳои   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 23 декабри соли 2022 вазорат корҳои назаррасро дар робита ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва амалӣ намудани «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040» бо таваҷҷуҳ ба шуғли ҷавонон ва навоварӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, ҷалби занон ба меҳнати арзанда, диверсификатсияи раванди муҳоҷират ва коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ амалӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур фароҳам овардани имконият барои назорати ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бо назардошти таъмини шуғл, имконият барои гирифтани таҳсилоти касбии дастрас, инчунин ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, диверсификатсия ва тақвият бахшидан ба бозори меҳнат мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласа рӯнамоҳо оид ба самтҳои фаъолияти вазорат ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён, аз ҷумла шарикони рушд доир ба амалӣ гардидани онҳо ибрози назар намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram