РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Кувайт нишасти хабарӣ оид ба Конфронси оби СММ баргузор карда шуд

 8 март Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар Кувайт ва намояндаи доимии Котиби генералии СММ дар кишвари иқомат оид ба раванди омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нишасти хабарӣ баргузор намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни cуханронӣ роҳбари намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 маълумоти мухтасар дода, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, алалхусус Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» шинос намуд.

Сафири Подшоҳии Нидерланд низ оид ба ҳамраисии кишвараш бо Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар ин самт, инчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии мамлакат роҷеъ ба масъалаҳои об изҳори қадрдонӣ намуд.

Намояндаи СММ дар Давлати Кувайт дар навбати худ оид ба аҳаммияти Конфронси об ва ғояҳои он суханронӣ намуда, ба ҳамраисии муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодагӣ ба Конфронси мазкур баҳои баланд дод.

Брифинг бо ҳузури доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Давлати Кувайт баргузор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram