“Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт — матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Матбуоти тоҷик аз оғози пайдоиш чун воситаи муҳимми иттилоърасон ва таъсиррасон ба тафаккури ҷомеа шинохта шудааст. Он дар баррасии масоили муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ нақши ҳалкунандаро иҷро мекунад. Бо назардошти ин рисолати воситаҳои ахбори омма, махсусан, матбуот Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид наммуда буданд, ки “аҳли қалами тоҷик 11-уми марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои Шариф» чоп карданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар сад соли гузашта маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ ба андешаи ман 100 — солагии матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад”.
Асоси мавҷудияти воситаҳои ахбори омма дар давлати ҳуқуқбунёд озодии ахбори омма ва озодии баён мебошад. Дар моддаи 30-юми боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст”. Тавре дида мешавад, дар ин моддаи Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд озодии ақида, сухан, ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ кардан, ба даст овардан, додан, интишор ва паҳн кардани иттилоъ бо ҳама гуна роҳи қонунӣ кафолат дода мешавад. Ҳамзамон, ба ҳар шахс кафолат дода шудааст, ки новобаста аз тобеияти шаҳрвандӣ, мансубияти динӣ ва миллию вазъи иҷтимоӣ аз озодии сухан истифода барад.
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта матбуоти тоҷик чун тамоми ҷомеаи Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят мушкилро пушти сар кард. Замоне буд, ки маблағ, на коғаз ва дастгоҳҳои муосири чопӣ дар мамлакат ба таври кофӣ мавҷуд набуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, матбуоти тоҷик ба хотири муттаҳид кардани тамоми қувваҳои солими ҷомеа, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи демократӣ, инкишоф додани иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии давлати тозаистиқлоли Тоҷикстон фаъолияти муассир нишон дод.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо кӯшишҳо ва сиёсати муваффақи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд. Ҳоло фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.
Инчунин, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба ва дар сурати ба миён омадани масъалаҳои қобили баррасии фаврӣ ба таври пайваста нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд. Ҳадафи аслӣ аз ташкили ин нишастҳо таъмини дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони мамлакат ба иттилооти расмӣ ва огоҳ шудан аз вазъи фаъолияти сохторҳои давлатӣ мебошад.
Дар яке аз вохӯриҳои худ бо аҳли зиё Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки “воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд. Ҷараёни иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» нишон медиҳад, ки на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд. Илова бар ин, вокуниши баъзе шахсони мансабдор ба маводи танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма ба ҷуз худсафедкунӣ ва бо чанд ҷумла аз сар соқит кардани масъала чизи бештаре нест”.
“Танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад. Ман матбуотро ҳамчун унсури муҳими муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар маҳз аз ҳамин дидгоҳ мепазирам ва фаъолияти онро аз ҳамин нуқтаи назар арзёбӣ менамоям”, — таъкид намуда буданд Пешвои миллат дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик.
Ҳамчунин, бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (дар суханронии бахшида ба 100-солагии матбуот) ва бо қарори Маҷлиси намояндагон моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру тӯҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, аз Кодекси ҷиноятӣ ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикстон гузаронида шуданд. Ин иқдом барои фаъолияти рӯзноманигорон то андозае сабукиҳо овард.
Баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҷумҳурӣ ноором гардид ва ин ба фаъолияти матбуот ва дур шудани мардум аз матбуот сабаб гашт. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ танҳо нашрияҳои “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” ба нашр мерасиданд.
Баъди хомӯш гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ матбуот тавонист дубора ба по хезад, вазъи молиаш ба ҳадде беҳ шавад ва хонандаашро ҷалб намояд. Дар ин миён дар баробари матбуоти давлатӣ, матбуоти мустақил низ ба вуҷуд омад.
Маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат дар замони Истиқлол журналистикаи тоҷик ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам миқдор рушд намуд. Айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 376 рӯзнома, аз ҷумла, 112 адад давлатӣ ва 264 адад ғайридавлатӣ, 245 маҷалла, аз ҷумла, 114 адад давлатӣ ва 131 адад ғайридавлатӣ, 11 агентии иттилоотӣ, аз ҷумла, 1 агентии иттилоотии давлатӣ ва 10-то ғайридавлатӣ, 49 телевизион, аз он 13-то давлатӣ ва 33-тоаш ғайридавлатӣ, 32 радио, аз он 10 давлатӣ ва 22- то ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Бештари расонаҳои иттилоотӣ ғайридавлатиянд, ки ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад.
Имрӯз телевизионҳои давлатӣ бо системаи моҳвораӣ ва пахши рақамӣ гузашта, дар тарғиби ташвиқи фарҳанг ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик барномаву намоишҳои муҳим ва ҷолиб пешниҳод менамоянд. Дар самти радиошунавонӣ пешравиҳои ҷумҳурии мо бо ибтикори Пешвои миллат ба сатҳи сифатан нав расидааст. Имрӯз Радиои «Тоҷикистон» 4 шабакаи радиоии ҷумҳуриявиро муттаҳид мекунад. Таваҷҷуҳи рӯзафзун ба техлогияи иттилоотию иртиботӣ низ аз сиёсати муваффақи Пешвои миллат сарчашма мегирад, мардуми мамлакат метавонанд бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ маълумоти заруриро дарёб намоянд.
Дар Тоҷикистон айни ҳол аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ маҳсули қалами рӯзноманигорон қадр карда мешавад, ки маншаъ мегирад аз ҳамон таъкиди Пешвои миллат дар суханронияшон, 10 марти соли 2012, бахшида ба рӯзи матбуот: “Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва қадр кардани заҳмати дар воқеъ душвори рӯзноманигорон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шаванд”.
Хулоса, ба таъкиди Пешвои миллат “ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дурахшон аст! Мо ҳатман ба ҳадафҳои милливу стратегии худ ҷиҳати рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ноил хоҳем шуд. Ва ман бо итминон изҳор медорам, ки дар иҷрои ин ҳадафҳои нек шумо, рӯзноманигорон, аҳли қалам ва аҳли фикру андеша ҳиссаи сазовори худро мегузоред”.
Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,
Рӯзноманигор