РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 натиҷагирӣ карда шуд

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки инсоният барои пойдории саломатӣ, тақвияти он ва умри дарози пурбаракат дидан беҳтар аз тарзи ҳаёти солим чизе кашф накардааст ва тарзи ҳаёти солимро ҳеч дорую давое наметавонад иваз намояд. Тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад. Солимии миллат яке аз рукнҳои бисёр пуриқтидори рушду тараққии давлат аст, давлат дар сояи миллати солим қомат меафрозад, пеш меравад. Аз ин рӯ тарзи ҳаёти солим аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ низ дорад. Ин нуктаро 10 март зимни ифтитоҳи ҳамоиш бахшида ба татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» Директори Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова баён намуд.

Ба гуфти мавсуф, зарурат ва аҳамияти тарзи ҳаёти солимро барои тандурустии миллат ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026»-ро қабул намуд.

Ҳадафи асосии барнома- ин ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути принсипҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили сохтор ва таъсиси заминаи моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар айни замон дар мамлакат баъзе аз бемориҳо нисбат ба солҳои гузашта бештар ба мушоҳида мерасанд. Омилҳои зиёдшавии баъзе аз бемориҳоро дар камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти маводи ғизоӣ, пурхӯрӣ ва фарбеҳӣ мебинанд.

Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим нақша дорад, ки бо амалӣ намудани барномаи мазкур марҳила ба марҳила корҳои фаҳмондадиҳиро дар саросари мамлакат ҷоннок намояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram