РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шоҳроҳи Норак-Данғара аксияҳои экологӣ гузаронида шуд

Баҳри дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани идҳои миллию байналмилалӣ, аз ҷумла таҷлили Иди байналмилалии “Наврӯз” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии об”, 11 марти соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” ташкил ва гузаронида шуд. Аксияҳои гузаронидашуда аз нақби шаҳри Норак то ноҳияи Данғара ба масоҳати 35 км-ро дар бар гирифт. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва зертобеи он, мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара, кормандони ҷамоатчигӣ иштироки фаъол намуданд. Иштирокдорон бо дастпӯшакҳои муҳофизатӣ таъмин гардида, ду тарафи шоҳроҳ ва соҳилҳои каналҳои обгузарро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуда, партовҳоро дар халтаҳои махсус ҷамъоварӣ намуданд. Инчунин, бехи дарахтони қади шоҳроҳ нарм гардида, шохаҳои хушки онҳо тоза карда шуданд.

Дар натиҷа беш аз 20 м3 партовҳои ҷамъшударо бо воситаи техникаҳои боркаш ба партовгоҳҳои расмии минтақаҳо интиқол доданд.



Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram