РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Паёми Китобхонаи миллӣ» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуд

Дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик нахустин шумораи маҷаллаи илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Паёми Китобхонаи миллӣ» бо теъдоди 500 нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расид.

Хонандагон имкон доранд дар бахши «Китобхонашиносӣ»-и маҷалла   мақолаҳоро доир ба  «Сиёсати нави  китобдории миллӣ», «Ҷойгоҳи  менеҷменти сифат  дар раванди идоранамоии  фаъолияти китобхона»,  «Нақш ва мақоми  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар рушди илми  китобдорӣ», «Татбиқи  инноватсияҳо ҳамчун  самти  афзалиятноки  фаъолияти методии китобхонаҳои Тоҷикистон», «Масъалаҳои омӯзиши таърихи фаъолияти  китобдорӣ  дар Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри ХХ» мутолиа намоянд.

Инчунин дар бахши «Библиографияшиносӣ» мақолаҳо марбут ба  «Рушди библиографишиносӣ дар Тоҷикистон», «Фаъолияти кишваршиносии  китобхонаҳои  давлатӣ-оммавии Тоҷикистон дар тарғиби сайёҳӣ», «Фаъолияти  илмӣ-тадқиқотии  Хонаи китоби Тоҷикистон  дар марҳилаи ҳозира» гирд оварда шудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram
preload imagepreload image