Театр бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ба сокинони навраси Ӯзбекистон намоишномаи «Маликаи нозанин»-ро намоиш медиҳад
Гурӯҳи эҷодии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба кишвари Ӯзбекистон сафари ҷавобӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора аз театри мазкур хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳунармандони театри лӯхтаки Тоҷикистон то 20 март чанд намоишнома намоиш медиҳанд. Чорабиниҳо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар ҳарду кишвар таҷлил мешавад, сурат мегиранд.
Барои тамошобинони хурдсол намоишномаи «Маликаи нозанин» тайёр карда шудааст. Муаллифи ин намоишнома Ҳотам Салимов буда, коргардони онҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Зафар Ҷаводов мебошад.
Ҳама намоишҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешаванд.