13 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдарро бинобар анҷомёбии рисолати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар медиҳанд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи бадастомадаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳар ду ҷониб ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.