РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Телевизиони вилояти Хатлон ба пахши рақамӣ гузашт

Телевизиони вилояти Хатлон дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба пахши рақамӣ гузашт ва ҳамчунин, студияҳои замонавӣ барои бахши барномаҳои телевизион мавриди истифода қарор дода шуд.

Студияи мазкур  барои сабти барномаҳои сиёсии фарҳангӣ пешбинӣ гаштааст. Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба пахши рақамии барномаҳои телевизиони вилоятии “Хатлон” оғоз бахшида, ин дастовардро ба аҳли эҷод таҳният гуфт. Гуфта шуд, ки телевизиони “Хатлон” пахши рақамии барномаҳои худро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ва талошу заҳматҳои роҳбарияти идора Соҳибназари Муҳаммад Ғоиб роҳандозӣ кардааст.

Телевизиони Хатлон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, дар фазои иттилоотии кишвар, барои барқарории сохти конститутсионӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва инъикоси рушди иҷтимоию иқтисодии вилояту ҷумҳурӣ нақши бориз гузоштааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram