РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии «Андархон» санги асос гузошта шуд

13 марти соли 2023 ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии «Андархон» иштирок намуд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ раисони вилоятҳо аз таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуда, онро самараи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ карданд.

Роҳбарони вилоятҳо ҳамзамон фарорасии Наврӯзи байналмилалро ба халқҳои тоҷику ӯзбек табрик гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки Маркази тиҷоратию логистикии «Андархон» дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Ёдовар бояд шуд, ки Маркази тиҷоратию логистикии «Андархон» дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯконҳои савдо, банк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram