РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раҳим Саидзода бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов мулоқот намуд

14 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмонов Иброҳим Юлчиевич баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар доданд.

Нахуст, Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия изҳори қаноатмандӣ намуд. Зимни вохӯрӣ Раҳим Саидзода қайд намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва илм дар асоси “Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф” аз 10 январи соли 1997 сурат гирифта, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст. Имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар дар самтҳои гуногун ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондаанд.

Дар навбати худ Иброҳим Абдураҳмонов қайд намуд, ки ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи илму маориф натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба аст.

Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram