РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: Нашри дуюми китоби «Лутфи Ашӯр Сафар» чоп шуд

«Лутфи Ашӯр Сафар» — таҳти чунин унвон нашри дуюми китоби шоир Гурез Сафар дар шакли комилтар бо таҳриру иловаҳои нав бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр гардид.

Тавре дар сарсухани китоб омадааст, «лутфи намакин, пурнеш, тунду завқбахш ва нишонраси устод Ашӯр Сафар дар ҳама маврид, дар ҳама сатҳ дар ҳузури ҳамагон ранг-ранг бадоҳатан ба гӯш мерасид, шодиву нишот, дасттакониву санохонӣ меангехт, атрофиёнро сари андеша мекашид ва аз даҳон ба даҳон мегузашту аз қаламрави Кӯлоб берун баромада, ба дуриҳо мерасид».

Китоби мазкур бо лутфу зарофатҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафар дар шакли комилтар нашр гардидааст.

Хонандагон метавонанд зарофатҳои шоирро дар мавзуъҳои «Суратгирӣ», «Доруи иштиҳо», «Дили халқ аз шумо», «Ду қудо», «Шаҳр бояд туро тамошо кунад» ва ғайра мутолиа намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram