РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Белорус Гора Дмитрий Юревич аз Осорхонаи миллӣ боздид намуд

Рӯзи 15.03.2023 Раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Белорус Гора Дмитрий Юревич ва ҳайати ҳамроҳонаш дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ боздид намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, ташрифашонро хайрамақдам гуфтанд.

Ба меҳмонон аз ҷониби роҳбалад ба забони русӣ сайри осорхонавӣ баргузор гардида, таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуданд.

Дар интиҳои сайри осорхонавӣ Раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Белорус Дмитрий Юревич аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ дарҷ карданд.

Ҳамчун рамзи дӯстӣ ва меҳмондорӣ ба меҳмони сатҳи баланд маводҳои илмии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” тақдим карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram