14 марти соли равон дар тарабхонаи «Яккасарой»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Дар озмун ғолибони даври аввал аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи бахшҳои зерин ширкат варзиданд:
-ороиши дастархон, доштани малакаи дурусти истифода ва гузоштани зарфҳои болои миз;
-омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ (пешин) ва шом;
-пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо;
-маҳорати пухтани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир;
-маҳорати омода намудани хӯришҳо;
-малакаи шӯридани намудҳои мухталифи хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти ордӣ.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳо ва хулосаи аъзои комиссияи озмун ғолибон муайян карда шуда, бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Ғолибоне, ки ҷойи якумро ишғол намуданд, аз ҷумла Алимова Нигора аз шаҳри Хуҷанд, Қодирова Дилдора аз шаҳри Истаравшан, Умарова Мукаммала аз шаҳри Исфара, Шокирова Фарида аз шаҳри Конибодом, Бердиева Наргиза аз шаҳри Гулистон, Ваҳҳобҷонова Замира аз шаҳри Бӯстон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.