РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Урдун мулоқот кард

14 марти соли 2023 мулоқоти cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо дабири кулли Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Подшоҳии Ҳошимии Урдун хонум Лино Ал-Ҳадид доир гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Урдун дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram