РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Аскиягӯӣ дар чойхона» баргузор гардид

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Театр-студияи ҳаҷвии «Хандинкамон», Телевизиони вилояти Суғд, бо мақсади иҷрои босифати банди 22 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» дар чойхонаи «Дилкушо»-и осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Аскиягӯӣ дар чойхона» баргузор шуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Дар фестивал намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба ҳадафу тартиби баргузории он ибрози назар карданд.

Аз ҷумла, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат Орифӣ Озар Баҳромзода зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани фестивал рушду такомули ҳунари аскиягӯӣ, эҳёи суннатҳои неки ниёгон дар радифи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидат дар тарғибу ташвиқи ин жанри ҳаҷвӣ миёни мардум ва муаррифии шоистаи фарҳангу ҳунари асил мебошад.

Дар ин зимн, боиси ифтихор аст, ки номинатсияи «Латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» дар Феҳристи умумиҷаҳонии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид ва ҳунари ҳаҷву мутоиба ва ҳазлу шӯхии халқи тоҷикро дар баробари дигар унсурҳои фарҳангӣ ҷаҳонӣ гардонид.

Дар фестивал аскиягӯёни варзида аз шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, бо беҳтарин ҳазлу мутоиба ва аскияву қофиягӯӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Ба иштирокдорон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин аскиягӯ», «Аскияи беҳтарин», «Латифаи беҳтарин», «Суруди ҳаҷвии беҳтарин», «Саҳначаи ҳаҷвии беҳтарин» ва «Ошхури беҳтарин» диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ин иқдом мақбули тамошобинон гардида, бо талабу дархости онҳо идома хоҳад ёфт ва мунтазам бо ҷалби аскиягӯёну ҳаҷвнигорон баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram