РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Сирки давлатӣ барномаи идона доир мешавад

Аз 21 то 27 март дар Сирки давлатӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯзи истиқлол» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора аз Сирки давлатии мамлакат хабар доданд.

Дар барномаи ҷашнӣ Бобои деҳқон ва Маликаи  баҳор иштирок мекунанд. Барнома инчунин аз намоиши гимнастҳо, дорбозҳо, намоиш бо ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон иборат буда, ба фароғати иштирокдорон равона гардидааст.

Дар барномаи имсола туҳфаҳо низ таъсис дода шудаанд. Ҳар иштирокчие, ки ба саволҳои ҳунармандон ҷавоб дода тавонад, соҳиби туҳфа мегардад.

Чиптаҳо дар хазинаи Сирки давлатӣ ҳамарӯза фурӯхта мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram