РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Данғара. Конференсияи ҷумҳуриявӣ зери унвони «Эҳёи арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» доир шуд

15 март дар ноҳияи Данғара Конференсияи ҷумҳуриявӣ зери унвони «Эҳёи арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» доир шуд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Конференсия дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлатӣ, ҷавонону занони фаъол ва сокинони ноҳия баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон — Рудобаи Мукаррам, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон — Зеваршоев Зеваршо, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — Муҳаммад Абдураҳмон, мудири шуъбаи табъу нашри вазорати фарҳанг — Мирализода Раҳмоналӣ ва муовини раиси ноҳияи Данғара — Сайдализода Садриддин иштирок намуданд.

Конференсияи ҷумҳуриявиро муовини раиси ноҳияи Данғара — Сайдализода Садриддин оғози расмӣ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Муовини раиси ноҳия мақсад ва мавзӯи баргузории ҳамоишро бо иштирокдорон шарҳ дода, қайд намуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо, ки дар самти огоҳии бештари мардум аз таъриху ҳувияти миллӣ таъсиргузор аст, амри зарурӣ ва муҳим ба шумор меравад.

Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон — Рудобаи Мукаррам баромад намуда, дар бораи нақш ва мақоми ҷашни Наврӯз ва таъсири он ба худшиносиву ҳувиятгароии миллӣ сухан ронд. Қайд гардид, ки аслу маслаки ҷашни Наврӯз аз адолату хирад ва некӣ сарчашма гирифта, он рамзи саодат, ҳувият ва худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик ба шумор меравад. Ҳамчунин, Раиси Кумитаи иҷроия аз нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ёдовар шуда, онро бузургтарин дастоварди фарҳангии замони соҳибистиқлолии кишвар унвон дод.

Дар идомаи Конференсия маърӯзаи ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — Муҳаммад Абдураҳмон зери унвони «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи хотираи таърихӣ» шунида шуд. Зикр гардид, эҳёи хотираи таърихии миллат ва барқарору устувор намудани суннату анъанаҳои миллӣ дар саргаҳи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат қарор дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар атрофи ин сиёсат ҷиҳати арҷгузорӣ ва таблиғи фарҳанги миллатамон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон — Зеваршоев Зеваршо дар суханронии хеш ба таърихи ҷашни Меҳргон, ки иди мардуми кишоварз ва ҷашни ҷамъоварии ҳосил ба шумор меравад, таваҷҷуҳ намуда, онро дар қатори ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон чун иди дорои арзиши баланди маънавӣ унвон дод. Гуфта шуд, ки мардуми тоҷик бояд бо доштани чунин иду ҷашнҳо ва фарҳангу тамаддуни оламгир ифтихор дошта бошанд ва ба арзишҳое, ки аз гузаштагон боқӣ мондаанд, эҳтиром гузоранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram