РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Фаронса Эрик Лебедел ба шаҳри Кӯлоб сафар кард

Нимаи дуюми рӯзи 15 март сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Лебедел ба шаҳри Кӯлоб сафар кард. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар шахсони масъул самимона пешвоз гирифтанд.

Сипас, мулоқоти раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва кордори муваққатии сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Лебедел баргузор гардид.

Зимни мулоқот раиси шаҳри Кӯлоб ба меҳмонон роҷеъ ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва захираву имкониятҳои мавҷуда дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, амниятӣ, таҳкими сарҳадот, соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун ибрози андеша намуд.

Инчунин иброз гардид, ки дар шаҳри Кӯлоб бо таваҷҷуҳ ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди бемайлони бахшҳои саноат дар майдони 309 гектар бунёд гаштааст, ки то ин муддат дар минтақаи мазкур як қатор корҳои сохтмониву истеҳсолӣ оид ба тақвияти фаъолияти минтақаи мазкур ба анҷом расонида шудааст. Ҳамчунин ба меҳмонон вобаста ба накшахои тахррезишуда, ҷойгир намудани коргоҳу корхонаҳои саноатию истехсолӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фаронса робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷониба дошта то имрӯз беш аз 22 санадҳои ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, муосиргардонии инфрасохтори фурудгоҳи Душанбе, мудофиа ва бехатарии дохилӣ ба имзо расидааст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бо нишони таҳкими робитаҳои дӯстона аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба ҳайати меҳмонон тӯфаҳои рамзии ифодагари фарҳанги волои миллии халқи тоҷик тақдим карда шуд.

Дар идома мехмонон чун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ Оромгохи олими Машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда аз Осорхонаи ин олими бузург дидан карда, ба ҳар як нигораи он аз наздик ошноӣ пайдо карданд ва таассуроти рангин бардоштанд.

Зимни боздид директори генералии Муҷтамаи осорхонаҳои ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии шаҳри Кӯлоб Ҳотам Асозода дар бораи зиндагиномаи Алии Ҳамадонӣ ва таърихи сохтмони мақбара ба меҳмонон маълумоти муфассал дод.

Сипас Эрик Лубедел аз Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб ва Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ низ боздид ба амал оварданд. Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб, ки дар худ таърихи пурғановати манотиқи Кӯлоб ва мардуми онро инъикос мекунад ба мехмонон хеле писанд омад ва ҳамзамон дар Дафтари қайди хотироти мехмонони оликадри Осорхона таасуроти бардоштаи хешро аз шаҳри Кӯлоб қайд намуд.ҳҳҳҳ

ҳ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram