РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кард

16 марти соли ҷорӣ Вазири кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тарафҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд ва дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, аз ҷумла дар соҳаи тухмипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, табодули олимони соҳаи кишоварзӣ, ҷалби инноватсияи Эрон дар самти бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram