РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Миср омодагиҳо ба Конфронси оби СММ-2023 баррасӣ шуд

15 марти соли 2023 мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ ва Подшоҳии Нидерланд Ҳон Мавритс Схобфилд дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо вазири захираҳои обӣ ва обёрии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳонӣ Сувайлам баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Конфронси байналмилалии об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк зери раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, инчунин масоили ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обиву обёрӣ, истифодаи оқилонаи об ва андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Миср ва Нидерланд бо назардошти таҷрибаи ғании худ дар масоили зикргардида метавонанд ба нафъи кишварҳои худ ва ҳамаи аҳолии ҷаҳон ҳамкории пурсамар дошта бошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram