РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Урдун баррасӣ шуд

16 марти соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Палатаи саноати Урдун Фатҳи Ал-Ҷағбир баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони урдунӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар, инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram