РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Фарҳод Салим дар иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ иштирок кард

16-17 марти соли 2023 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар иҷлосияи 49-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Нуакшоти Ҷумҳурии исломии Мавритания ширкат варзид.

Зимни суханронӣ Фарҳод Салим аз тадбирҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ёдовар шуд.

Муовини вазир тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳои СҲИ тавассути иҷрои барномаҳои марбутаи ин созмонро яке аз омилҳои муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла коҳиши фақр ва таъмини шароити устувори зиндагӣ дар минтақа унвон кард.

Дар фарҷоми суханронии худ, Ф. Салим аз кишварҳои узви СҲИ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси оби СММ-2023, ки рӯзҳои 22-24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram