РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ЧАРО НАВРӮЗ ҶАШНИ ҶАҲОНӢ АСТ?

«Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури гузаштагони бузурги мост ва маҳз ҳамин категорияҳои ахлоқию фалсафиро, ки ҷомеаи мо имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Пайдоиши Наврӯз

Таърих ва замони пайдоши Наврӯз ба таври дақиқ маълум нест. Дар бархе аз матнҳои бостонӣ, аз қабили “Шоҳнома” Фирдавсӣ ва “Таърихи Табарӣ” Ҷамшед ва дар бархе аз матнҳо Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Баъзе ривоятҳои таърихӣ оғози Наврӯзро ба Бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоятҳо, густариши ҷашни Наврӯз дар Эрони бостон ба соли 538 пеш аз милод, замоне, ки Куруши Бузург ба Бобул ҳамла кард, рост меояд. Ҳамчунин, дар баъзе ривоятҳо Зардушт ба унвони асосгузори Наврӯз қайд шудааст.

Ҷашни Наврӯз чист?

Ҷашни Соли Нави мардумони ориёинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё 21-уми марти солшумории милодӣ) фаро мерасад. Аз ин рӯ Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд.

Вожаи “наврӯз”

Вожаи “наврӯз” аз порсии миёна (nōgrōz) гирифта шудааст, ки реша дар забони авестоӣ дорад. Муаррихон тахмин мезананд, ки вожаи “наврӯз” муодили navaka raocah-и авастоист.

Имрӯз дар забони тоҷикӣ ва ё порсӣ ин вожа ба ду маъно корбурд шудааст:

Наврӯзи ом(м): рӯзи аввали баробаршавии баҳор (баробарии шабу рӯз) ва оғози соли нав.

Наврӯзи вижа: Рӯзи шашуми моҳи фарвардин бо номи «Рӯзи Хурдод».

Эрониёни бостон Наврӯзро “Наво Сарда”, яъне Соли Нав меномиданд. Мардуми ориётабори Осиёи Миёна дар даврони суғдӣ ва хоразмшоҳӣ Наврӯзро Носард ва Носарҷӣ меномиданд, яъне Соли Нав.

Калимаи Наврӯз дар алифбои лотинӣ. Дар матнҳои мухталифи лотинӣ қисми аввали вожаи Наврӯз бо шаклҳои No, Now, Nov, Naw ва қисми дуюм бо шаклҳои Ruz, Rooz ва Rouz навишта шудааст. Ин шакли имлои калимаи наврӯз ҳоло дар навиштаҳои ЮНЕСКО ва дигар давлатҳое, ки бо аз хати лотинӣ кор мебаранд зиёд истифода мешавад.

Наврӯз — рамзи пирӯзӣ

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ аст. Онро мардумон ҷашни пирӯзӣ бар торикӣ, рӯзи фархунда ва мубораки сол, оғози фасли рӯиши гулҳо, намоише аз ҷовидонагии офариниш ва халқият мешуморанд. Наврӯз чун ҷашни ба дилу дидаи мардумони мо наздик, ҷашни ориёӣ ва миллист, ки бар асоси вазъи табиии минтақа ва иқлими мамлакати мо ва бар пояи эътиқодҳову боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии мардумони ориёитабор бунёд ёфтааст. Наврӯз бунёди илмиву нуҷумии устувор дорад, нисбати чунин фазилатҳояш шоёни ҳама гуна арҷгузориҳост.

Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз

Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон шудани 21 март қатънома қабул кард ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ ҷаҳонӣ шуд. Ҳамасола ин рӯз дар бисёре аз давлатҳо (аз ҷумла, дар саросари Шарқи Наздик, Балкан, Қазоқистон, Тотористон, Осиёи Марказӣ, Чини Шарқӣ, Судон, Занзибар, Осиёи Хурд, саросари Қафқоз то Астрахан ва инчунин Амрикои Шимолӣ, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Бутан, Непал ва Тибет) ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз таҷлил мешавад.

Ойинҳои Наврӯз дар Тоҷикистон

Чаҳоршанбеи Сурӣ. Наврӯз аз як силсила ҷашну маросимҳо иборат аст. Ҷашни Наврӯз бо расму ойинҳои Чаҳоршанбеи Сурӣ оғоз мешавад ва бо зиёрати гузаштагон анҷом мепазирад. Дар миёни ин ду маросим дигар анъанаҳои наврӯзӣ ба монанди — тоза кардани хонаву манзил, коргоҳу маҳалли зист ва ё ба ибораи дигар «хонабаророн», сафед кардани дарахтон, шинонидани ниҳол ва гулу бутта, сабзонидани гандум, омода намудани хӯрокҳои миллии баҳорӣ бо гиёҳҳои шифобахш, дӯхтани пироҳани идона, гурӯҳ-гурӯҳ ба кӯҳу саҳро рафта, бо шеъру таронаҳо, рақсу бозиҳои шавқовар ва монанди инҳо иҷро карда мешавад.

Оташ афрӯхт. Аз замонҳои қадим дар баъзе минтақаҳо одати даргиронидани оташ маъмул буд. Ин суннат дар Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон ва бахше аз Афғонистон ба сурати афрӯхтани оташ дар рӯзи Чаҳоршанбеи Сурӣ сурат мегирад.

Суфраи Наврӯз (Ҳафтсин ва Ҳафтшин)

 Яке аз анъанаҳои наврӯзӣ ин Ҳафтсин мебошад. Ҳафтсин ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи — С (Син) оғоз мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:

  1. Сир
  2. Себ
  3. Сабзӣ
  4. Санҷид
  5. Сирко
  6. Суманак
  7. Сипанд

Дар Тоҷикистон ба ҷойи баъзе аз онҳо «самбӯса», «сирпиёз» низ мемонанд. Ба ғайр аз инҳо дар дастархон аксар вақт китоби муқаддаси Қуръон ва Шоҳнома дида мешавад.

Умуман, инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошад. Ҳар як давлат урфу одати худро дорад. Бинобар ин баҷои ҳафтсини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон дида мешавад.

Ҳафтшин ин он номгӯйи чизҳои рӯйи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо Ш (Шин) оғоз меёбанд. Ба онҳо дохил мешаванд:

  1. Шакар
  2. Шона
  3. Шамъ
  4. Шинӣ
  5. Шарбат
  6. Ширбиринҷ
  7. Шир

Дар Тоҷикистон ба ҷойи баъзе аз онҳо «шалғам», «шафтолу», «шавла» низ мемонанд. Як нуктаи муҳим он аст, ки дар замони қадим қисме аз мардуми ориёӣ метавонистанд дар як сол танҳо як бор биринҷ бихӯранд, ки он шаби Наврӯз буд. Дар ин шаб ҳама ё аксари мардум оши палав мепухтанд ва аз ин палави наврӯзӣ ба фақирон, сартарошхонаҳо, ҳаммомҳо, кадходаву мӯбадон тақдим мекарданд.

Орзуву омоли мардум дар сари хони наврӯзӣ на танҳо шифоҳатан бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.

Аҳаммияти ҷаҳонишавии Наврӯз

Ҷашнҳои фаромиллӣ ба монанди Наврӯз барои ба ҳам наздикшавӣ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, осоишу осудагии ҷаҳониён хидмат мекунад, хосса дар шароити набарду даргириҳои хунин, ки дар заминаи тафовутҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, қавмию мазҳабӣ сар мезананд, зеро Наврӯз тантанаи нур, табли осоишу сурур, рамзи зиндагист бар зидди зулмот, ҷанг ва марг. Наврӯз дар раванди ҳазорсолаҳои ҷаҳонишавӣ дигаргуниҳоеро аз сар гузаронида, навгониҳоеро пазируфта, ки дастраси мо гардида, хазинаи фарҳангиамонро ғанитар гардонд.

Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи асосии пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Кӯшишҳои пайгирона ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигоҳдорӣ ва муқаддас донистани арзишҳои волои аҷдодӣ таконе буданд дар ҷодаи афзоиш бар фарру шукӯҳи ҷашни Наврӯзи бостон. Пешниҳоди бо давлатҳои ҳамсоя ва минтақа якҷоя ҷашн гирифтани Наврӯз ҳам аз иқдомоти Пешвои миллат мебошад.

Вазифаи мо-тоҷикон аст, ки бо истифода аз лаҳзаи мусоид арзиши волои фарҳангии аҷдодонамонро бо тамоми шаҳомату зебоии он ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram