РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

«Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ»- таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯёни  факултетҳои биология, журналистика ва иқтисодиёт ҳамоиш доир шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳамоиш дар доираи эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо мақсади иҷрои нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  баёнгардида марбут ба амалигардонии принсипҳои «иқтисоди сабз», ташвиқу тарғиби ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи захираҳои обӣ доир шуд.

Ҳамоиш  бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ   ва Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»  гузаронида шуд.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон  гардидани соли 2025 Соли байналмилалии пиряхҳо, ки моҳи декабри соли 2022 бо

Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, манбаъҳои обии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки он табодули назар намуданд. Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, 60 фисади обҳои минтақа дар ҳудуди  Тоҷикистон аз пиряҳои кӯҳӣ ташаккул меёбанд.

Инчунин иштирокдорони ҳамоиш дар мавзуи «Парки миллии Тоҷикистон – макони пиряхҳои бузург ва обҳои зулоли минтақаи Осиёи Марказӣ» маъруза намуданд.

Дар доираи ҳамоиш аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» намоиши суратҳои пиряхҳое, ки дар қаламрави Парки миллӣ ва дигар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҷойгиранд, ташкил карда шуд. Инчунин иштирокдорони ҳамоиш аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ аст, боздид намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram