РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ гардид

21 марти соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)» таҳти унвони «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ ба миқдори 22 адад асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хушвахтов Х., Ҳабибулоев Ю., Боборикин В., Довудов З., Волинский И., Раҳимов Б., Сангов Ю., Ҳайдаров А., Талдигин Ю., Богдасаров Р., Мамадкулов Я., Одинаев Б. ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорон наққошӣ шудаанд, ки сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои оби муссафо муаррифӣ менамоянд.

Боиси ёддошт мебошад, ки дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқ онро қабул кард.

Дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.

Ҳамчунин 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (барои солҳои 2018-2028)» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои созмон қабул намуда буд.

Маврид ба зикр мебошад, ки Тоҷикистон кишвари обӣ буда, зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Заминаи обҳои кишвар 13000 пирях, 1300 кӯл ва наздики 1000 дарёҳо мебошанд, ки оби онҳо аз лиҳози сифат ҳамчун оби нӯшокӣ истифода мешаванд.

Намоиши «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллӣ то 04.04.2023 идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram